Главная » Статьи » Статьи

Овораи ишқ-ҳамоқат дар кинои тоҷик Ё «Ҷентелмени НЕудачий»
Ман метавонистам, дар руёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам, ё вақте чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯширо ихтиёр кунам, аммо… Аммо нашуд, ки нашуд...

КВД «Тоҷиккино», сипас Тоҷикфилм тақдим мекунад: Аз раъду барқи экран хона торику рӯшан мешавад, номи «хуншор»-е экранро сурх мекунад: «Овораи ишқ»!!! Батс!!!! Кино сар шуд...
Дизайнер бо ҳама камҳунарӣ чӣ корҳое накардааст: мусиқии пурғулғулаву валвала, ҳарфҳои шикаставу хуншор, як сӯ раъду барқ, як сӯ оташу дуд... Чунин ранг гирифтани филм, хаёли ҳар бинандаро ба Голливуду Болливуд мебарад. Тамошочӣ тахмин мезанад, ки аз миёни ин оҳу дуд Стэтхэм ё Жан Ренои тоҷикро пайдо мекунад. Ҳадди аққал давоми филмро бо кори Люк Бессону Тарантино муқоиса карданӣ мешавад, агарчи «тоҷикфилм» будани «филм» кайҳо ҳама гумонҳоро ботил, рангу ҳуруфаш димоғҳоро пурдуд ва дилҳоро захмин кардааст...
Ман дидаму агар ҳар бебасаре надид, хушбахт аст. Дизайнер як лаҳза аз оғози филми «Ҳомиён»-и туркӣ дуздӣ кардааст, боқӣ аз куҷо намедонам. Ҳамон як зочае (матрушка) мешиканаду аз дарунаш боз зочаи нав мебарояд... Ин меҳнати бо хуни ҷигари кадом дизайнери туркро «ҳамто»-и тоҷикаш бераҳмонаву аз шарм сурх нашуда, тасарруф кардааст. Ин ҷо ба яқин акси мисраи Ҳофиз бармеояд, ки: «Тоҷикон хони туркҳоро» ба «яғмо» бурдаанд...
Филм бо мусиқиву тасвиру хат, (титр), ки ҳар кадоме ғалаттар аз ҳамдигаранд, шурӯъ мешавад. Мусиқии ҳиндӣ мимикаи тоҷикиро тағйир надодааст, ки надодааст. Кадом як бачаҳаки ошиқаки фарангипуш бо афти рустоиву лаҳни ҳиндуӣ аз миёни похсадевору хару ароба пайдо мешаваду бо як духтараки ҳамсони худаш нохост китфакӣ мезанад... Вохӯриҳои романтикӣ! Нигоҳҳо лаҳзае ба ҳам мехӯранд. Аз ин нигоҳу ошноиву ошиқӣ ба бадани кас мурғак медавад. Қаҳрамони мо шабеҳи Ҷиммӣ аст. Гитара дорад, шарфи зарди сеқулоча гирди гардан ва кулоҳаки ленинии сараш ба ҳар сурат аз «қаҳрамони мусбат» будани ӯ дарак медиҳад. Коргардони филм ҳам ҳамин бачаяк аст. Аз ин хотир, ҳар тавру шакле, ки хостааст, дар моли худаш ормонҳои бачагӣ шикастааст. Ӯ Убайдулло ном дорад.
Ҳамин Убайдулло бо футляр (ғилофи асбоби мусиқӣ)-и сари китфаш ба автобус мешинаду шаҳр омаданӣ мешавад. Ин ҷо, дар дохили автобус ба бахти шуми бинанда як «қаҳрамон»-и шуъбадабози дигар пайдо мегардад. «Қаҳрамони даврони мо» як аъзои гурӯҳи масхарабози «Арабшо» аст. Як сӯ ӯ бо ҳарфу ҳиҷои бемантиқу «ширинкори»-ҳои талхаш одамони дохили автобусро масхара мекунаду як сӯ наворбардори филм бо беҳунарияш бинандаро. Эҳ, он қадар номи филмӣ ҳамин ҷо хор мешавад, хор мешавад, ки ногуфтанӣ… Кадрҳои тираву тору ларзида, дар натиҷаи монтаж ҳам дуруст нашудааст. Мисли карбоспораи лахт-лахте, ки бо дарбеҳ ҳам беҳ намешавад. Хуллас, ин ду ҳаммаслак чанд ҳарфе гоҳ аз чоҳ гоҳ аз моҳ раду бадал мекунанду дар як қишлоқи дигар пиёда мешаванд. Дар ин қишлоқ чӣ нағмаву маросим аст, ғайри онҳо касе намефаҳмад. Ҳаминаш маълум аст, ки як Рэмбомаоб дар байни издиҳом кадом девонасуратеро шаттакорӣ мекунад, дигарон аз ӯ тақлид мекунанд. Ҳамин вақт Ҷиммии мо мерасаду бо як чаҳиши билотасвираш, ки дар илми якҳарбаҳои шарқӣ онро бо ҷопуни «Джодан йоко гери» меноманд, ба қафаси синаи ҳамин мустабиди Рэмбомонанд мезанад. Девонасурат раҳо шуда ба ин «дугона»-и ҳамокатбор мепайвандад. Онҳо секас мешаванд. Се каси бо ҳулқу атвор ба ҳамдигар шабеҳ баъди гурезогурез ба як мошини боркаш мечаспанду баъди як ғанаб дар Душанбе мешаванд...

Дару девори пойтахт аз қадами ин сегона гӯё мегиряд. На вохӯрӣ бо духтарони шаҳриву русигапзан, на саёҳат дар боғу хиёбонҳои пойтахт, хуллас, ягон кӯшиши коргардон ин се чеҳраи пурхамокат ва мазмуни ин филми риққатборро дигар карда натавонистааст...
Се чеҳраи беиқбол «чӣ дар кадр ва чи берун аз он» хеле даву ғеҷ мекунанд. Беҳтараш ин ҷо аз шарҳи ботафсили ҷузъиёти ин филм даҳон фурӯ мебандам. Дар мавриди драматургия, темпадинамика, композитсия, режиссура, кори рӯшноидиҳӣ, грим ва костюм, забони филм ва дараҷаи касбии бозингарон ва умуман зарфиятҳои дигари ин «филм» сухан рондан ҳич маъние надорад, чунки аслан, ки ин даву ғеҷи рӯйи навор филм ҳам набуд...
Акнун хамаи инро дида, бегумон кас ба хаёл меравад, ки дар ҳамин кӯчаву хиёбонҳои пойтахт худобиёмурзҳо Комил Ёдгорӣ, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров коргардонҳои шинохтаи имрӯз Бахтиёр Худойназаров... хуллас чанд ҳунарманди воқеӣ сари штативи камераву рӯйи телешкаву релси наворгирӣ арақ рехтаанд, филм тавлид кардаанд... Дареғо, ки дар ҳамон роҳу пайроҳае, ки онҳо гулӯ даронда санъати асил мезоданд, ҳоло шикаргаҳи рӯбаҳакони соҳаи синамо шудааст. Боз ҳамаи ин ҳам дар ҳолест, ки аз даври фаъолияти он худобиёмурзҳо беш аз 80 сол гузаштаву дар ин муддат соҳаи кино инқилоби бузурги техникиву маъноиро паси сар кард.

Ман метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин, ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо …
Аммо ин филм аз номи яз замон пуршараф ва имрӯз камранги «Тоҷикфилм» «тақдим» мешавад, дар ҳоле, ки логотипи «Тоҷикфилм»-ро надорад ва умуман он моли Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ҳам нест. Шояд таҳиягарони филм намедонанд, ки бо номи «Тоҷикфилм» танҳо як ниҳоди давлатӣ аст, ки салоҳияти филмофариро дорад ва филм «тақдим мекунад». Агар манзури эшон ҳамин ниҳод аст, пас конуншикани рӯирост кардаанд, вале агар манзурашон бо забони тоҷикӣ будани филм аст, вой бар ҳолашон, ки ғалат фаҳмидаанд...

Ман метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин, ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо….
Аммо ин миллат забон дорад, забони бофасоҳату ноби тоҷикӣ. Ин забон соҳиб дорад. Балки санъату фарҳанги ин миллат соҳиб дорад. Гумон намекунам, ки озодӣ маънои иҷоза додан ба сели дашғолу (халтура) майдони масхарабозӣ ва мазҳакаи миллат бошад. Филмофарӣ ин пиёда кардани ормонҳои бачагӣ нест, ин ба рӯйи лентаи навор гирифтаани ҳар чизи андешиданиву медиданӣ нест...
Синамо бузургтарин ва муҳимтарин соҳаи фарогири фарҳанги милли аст! Аммо имрӯз мебинед, ки ин фарҳангро кӣ соҳибӣ дораду онро чи гуна намоиш медиҳад? Бале мебинед! Пас чаро бетарафед??????

Ман ҳам метавонистам дар рӯёруи ТВ нашинаму ин филмро набинам ё ин ки вақто чашмони бадбахтам ин филмро дид, хомӯшӣ ихтиёр кунам, аммо… Аммо нашуд, ки нашуд!

Ба ҷои охирсухан: Шояд гумон кунед, ки ин филм дар жанри комедия таҳия шудааст, аммо ба ростӣ, ки жанри комедия ё мазҳака ингуна нест! Балки комедия нозуктарин ва нафистарин жанри синамо аст. Дар филми мазҳакавии "Ҷентелмени удачи" низ беиқболии се ошно тасвир мешавад, аммо на ба ин рангу беҳунарӣ! Ман зерсарлавҳаи ин матлабамро "Ҷентелмени НЕудачи" мегузоштам, яъне "Филме пур аз ҳамоқат ё тақлиди Ҷентелменҳои неудачний"!
Категория: Статьи | Добавил: aa2 (23.03.2012)
Просмотров: 736 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ев мне рипнуть не удалось: по скольку такое не сделать на uCoz, но я поставил форму как на DLE. -->
Добавить комментарий